Ҷаҳонгир Маҷидов дар Бозиҳои Осиёӣ медали нуқра гирифт

Ҷаҳонгир Маҷидов дар Бозиҳои Осиёӣ медали нуқра гирифт

Паҳлавони тоҷик Ҷаҳонгир Маҷидов аз риштаи ҷудо дар Бозиҳои Осиёӣ -2026 ба гирифтани медали нуқра шарафёб гардид. Дар финали мусобиқа Маҷидов аз намояндаи Ҷопон - Масучи Ротаро шикаст хӯрд.

Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 100 кг дар даври аввал озод буда, дар марҳилаи чаҳорякниҳоӣ рақобатро оғоз кард. Дар ин марҳила Маҷидов бар намояндаи Қирғизистон Даут Полтушев зафар ёфта, ба даври нимниҳоӣ баромад.

Дар даври нимниҳоӣ Маҷидов бо намояндаи Кореяи Ҷанубӣ - Ҳан Ҷуёп гӯштин гирифта, ғолиб омад ва роҳашро ба финал ҳамвор намуд. Дар финали мусобиқа Ҷаҳонгир Маҷидов бо Масучи Ротаро аз Ҷопон гӯштин гирфта, мувоҷеҳи шикаст шуд ва медали нуқра гирифт.

Мавриди зикр аст, ки ин медали 13-уми Тоҷикистон дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 мебошад. Варзишгарони тоҷик то имрӯз соҳиби 2 медали тилло, 4 нуқра ва 7 медали биринҷӣ шудаанд. Бо чунин натиҷа Тоҷикистон дар ҷадвали медалҳо зинаи 20-умро ишғол мекунад.

Ёдовар мешавем, ки медалҳои тиллоро аз намуди санъати муҳорибаҳои омехта Мирзобек Умаров (60 кг), Отабек Раҷабов (65 кг), медалҳои нуқраро Беҳрӯз Хуршедзода (71 кг) аз риштаи санъати муҳорибаҳои омехта, Ҷаҳонгир Маҷидов (-100 кг) аз намуди ҷудо, Шакармамад Мирмамадов (+90 кг) бо Ёсин Бобокалонов (-66 кг) аз намуди кураш ва медалҳои биринҷиро Махсатулло Муъминов (55 кг) аз риштаи карате-до WKF, Акмал Убайдов (60 кг) бо Парвиз Каримов (90 кг) аз намуди бокс , Сарвар Абдушукуров (-66 кг) аз риштаи кураш ва Аҳлия Муъминова (-48 кг), Муҳиддин Асадуллоев (-73 кг), Абубакр Шеров (-81 кг) аз намуди ҷудо соҳиб шуданд.

Қобили зикр аст, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз соли 1994 дар ин бозиҳо иштирок намуда, то ҳоло 47 медал гирифтааст, ки 8 медали тилло, 11 медали нуқра ва 28 медали биринҷӣ мебошад.