Қаҳрамони 19 каратаи Чемпионати ҷаҳон аз идомаи Бозиҳои олимпӣ даст кашид

Қаҳрамони 19 каратаи Чемпионати ҷаҳон  аз идомаи Бозиҳои олимпӣ даст кашид

Қаҳрамони 4 каратаи Бозиҳои олимпӣ ва 19 каратаи Чемпионати ҷаҳон оид ба гимнастикаи бадеӣ Симона Байлз дар Олимпиадаи соли 2020 бинобар мушкилоти равонӣ аз ҳайати дастаи ИМА даст кашид. Амрикоӣ бо захми пой аз толори варзишӣ рафт ва барои варзишгари номдор баромади номуваффақ зарба буд ва ӯ базӯр ашки худро нигоҳ дошт. Симона Байлз 24 сола буда, дар Бозиҳои олимпии Рио-2016 4 нишони тилло ва як медали биринҷӣ ба даст оварда буд. Дар Токио бошад, ӯ дар ҳайати даставӣ танҳо медали нуқра ба гардан овехт. Маҳз иштибоҳи ӯ боис шуд, ки ИМА нишони тиллоро дар ин ришта аз даст диҳад.