Дар Ӯзбекистон ҷудочии шинохта кушта шуд

Дар Ӯзбекистон ҷудочии шинохта кушта шуд

Дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон Камолиддин Расулови 29-сола, барандаи нишони нуқраи Гран-прии соли 2019 ва қаҳрамони ҷаҳони самбо миёни ҷавонон дар соли 2021 бо зарби корд кушта шуд. Додситонии кулли Ӯзбекистон хабар медиҳад, ки дар ин куштор варзишкори дигар гумонбар мешавад.

Ин ҳодиса шоми 13-уми сентябр дар шаҳри Тошканд рух додааст. Ш.Т., гумонбар дар қатли Расулов шом соати 21:30 дақиқа ба Камолиддин тамос гирифта, шикоят кардааст, ки сиҳатиаш аз истеъмоли витаминҳои Humo Trop бад шудааст. Ш.Т. витаминҳои мазкурро бо тавсияи Расулов харидаву истеъмол кардааст. Дар натиҷа он шом ду варзишкор мулоқот ва дар ин мулоқот Ш.Т. ба Камолиддин Расулов бо корд зарба задааст.

Аз рӯи ин ҳодиса парванда боз ва тафтишот идома дорад. Ёдовар мешавем, ки моҳи августи имсол варзишкори дигари ӯзбекистонӣ Элбек Раҳимов дар Қаршии он кишвар кушта шуд.