Қаҳрамони ҷаҳон Олимпиадаро бо сабаби ҷароҳат аз даст дод

Қаҳрамони ҷаҳон Олимпиадаро бо сабаби ҷароҳат  аз даст дод

Яке аз фаворитҳои аслии Бозиҳои олимпии соли 2024 оид ба гӯштини тарзи озод дар вазни то 57 кг Стеван Мичич бар асари ҷароҳат дар мусобиқаи Париж иштирок намекунад.

Ҳанӯз маълум нест, ки Мичич дар тими миллии Сербия иваз мешавад ё на, аммо барои омодагӣ вақти хеле кам мондааст.

Ҳамин тавр, ба ҷои Стеван Мичич ва ҳузур надоштани ӯ дар Олимпиада, роҳхати вазни 57 кг ба Милоди Волизода аз Эрон расид. Бо ин роҳхат, Эрон дар Олимпиадаи Париж дар гӯштини тарзи озод 6 намоянда хоҳад дошт!

Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи гӯштини тарзи озод дар Бозиҳои олимпии соли 2024, рӯзи 8 -уми август оғоз шуда, қуръакашӣ 7-уми август баргузор мешавад.