Қаҳрамони Аврупо оиди шоҳмот аз Россия Антон Демченко шаҳрвандияшро иваз кард

Қаҳрамони Аврупо оиди шоҳмот аз Россия Антон Демченко шаҳрвандияшро иваз кард

Шоҳмотбози рус Антон Демченко аз ин баъд таҳти парчами Словения баромад мекунад.

Дар ин бора дар сомонаи Федератсияи байналмилалии шоҳмот (ФИДЕ) гуфта мешавад.

Демченко – қаҳрамони Аврупо- 2021 ва иштирокчии Ҷоми Ҷаҳон дар солҳои 2017 ва 2019 мебошад. Айни ҳол ӯ дар зинаи 137-уми раддабандии ФИДЕ қарор дорад.