Қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ даргузашт

Қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ даргузашт

Қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ аз намуди лижаронии кӯҳӣ Финн Кристиан Яггеи дар синни 55 солагӣ даргузашт. Дар ин бора ҳамсари варзишгар дар саҳифаи Facebook хабар додааст.

«Муҳаббати бузурги мо, қаҳрамони бузурги мо ... Падари беҳтарини дунё имрӯз пас аз бемории шадид вафот кард. Ин дардро тасфир карда намешавад, ҳамаи мо сахт ғамгин шудем», —навиштааст ҳамсари Қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ.

Финн Кристиан Ягге дар Бозиҳои Олимпии зимистонаи Албервил -1992 аз намуди лижаронии кӯҳӣ нишони тилло ба даст овардааст. Соли 2000-ум Кристиан Ягге ба корномаи варзишиаш хотима бахшида буд.

Баъди ин Ягге дар ширкати телекоммуникатсионии Ludo ва агенти ҷалбкунандаи Dynamic People Headhunting кор мекард.