Қаҳрамони феълӣ «Файзканд»-ро дубора имтиҳон мекунад

Қаҳрамони феълӣ «Файзканд»-ро дубора имтиҳон мекунад

Имрӯз, 12-уми август бошгоҳи «Истиқлол» дар даври ёздаҳуми чемпионати мамлакат тими «Файзканд»-ро қабул мекунад. Вохӯрии пешсафи лигаи олӣ ва дебютанти мусобиқот дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Оғози бозӣ соати 18:00 дар назар аст. Хотиррасон мешавем, ки рақобати ҳарду даста дар марҳилаи аввали чемпионат, ки 4 июл дар шаҳри Кӯлоб баргузор гардид, бо ғалабаи калони «Истиқлол» бо ҳисоби 4:0 ба анҷом расида буд.