Қаҳрамони феълии ҷаҳон дар бозии аввалаш аз пирӯзии бузург истиқбол гирифт

Қаҳрамони феълии ҷаҳон дар бозии аввалаш аз пирӯзии бузург истиқбол гирифт

Имрӯз, 22-юми июл дар варзишгоҳи «Эден Парк» дар Окленди Зеландияи Нав бозии даври 1-уми марҳилаи гурӯҳии чемпионати ҷаҳон миёни бонувон доир гардид. Ҳарифон дар гурӯҳи E — мунтахабҳои ИМА ва Ветнам бо ҳам вохӯрданд ва бонувони амрикоӣ бо пирӯзии бузурги 3:0 зафар ёфтанд.

Ҳисоби бозиро София Смит аз партофти Алекс Морган кушод. Охири нимаи аввали рақобат Морган аз пеналти гол зада натавонист, вале мунтахаби ИМА бо бартарии ду гол ба таннафус баромад. Баъди тамошои наворҳои санҷишии VAR голи Смит ба қайд гирифта шуд ва ӯ муаллифи ду гол гардид. Дар дақиқаи 77-ум бошад Линдси Ҳоран ба задани 28-умин голи хеш дар сафи мунтахаби ИМА даст ёфт.

Қобили қайд аст, ки мунтахаби ИМА ва Ветнам дар як гурӯҳ бо Португалия ва Нидерланд шомил буда, мунтахаби ИМА қаҳрамони феълии мусобиқа ва дорандаи чор ҷоизаи қаҳрамонии ҷаҳон мебошад.

ЧМ-2023 (з). Гурӯҳи E. Даври 1-ум

22-юми июли соли 2023, шанбе. 06:00 ДШБ

США (з) 3 : 0 Ветнам (з)

1:0 Смит – 14' 2:0 Смит – 45+7' 3:0 Ҳоран – 77'