Қаҳрамони НБА ба ғалабаҳои худ оғоз бахшид

Қаҳрамони НБА ба ғалабаҳои худ оғоз бахшид

«Торонто Рэпторс» дар бозии марҳилаи омодагӣ ба мавсими нави Ассотсиатсияи миллии баскетбол бо тими «Хюстон Рокетс» дидор анҷом дода, ғалаба ба даст овард. Ин вохӯрӣ дар шаҳри Сайтаме-и Япония доир шуда, бо ҳисоби 134:129 ба нафъи дастаи «Рэпторс» анҷом ёфт. Дар ду пайки аввали бозӣ «Хюстон» бартари нишон дода, ба ҳисоби 85:73 ба танаффус рафтанд. Дар пайтҳои 3 –юм ва 4-ум таносуби холҳо то ба 17-то расида «Хюстон» ба ғолибият наздик буд. Аммо дар идомаи рақобат бозингарони «Торонто» ба худ омада тавонистанд, ки аз ин вартаи нокоми дастаро наҷот диҳанд ва ҳатто ғолиб оянд. Ёдовар мешавем, ки «Торонто» қаҳрамони феълии НБА буда, дар финал бошгоҳи «Голден Стэйт Уорриорз»-ро ба ҳисоби 4-2 мағлуб карда буданд.