Қаҳрамонии XIV-уми ҷаҳон оид ба кураш дар шаҳри Ашқобод оғоз шуд

Қаҳрамонии XIV-уми ҷаҳон оид ба кураш дар шаҳри Ашқобод оғоз шуд

Лаҳзаи деринтизор ва ҳаяҷоновар барои мухлисони кураш фаро расид. Қаҳрамонии XIV-уми ҷаҳон оид ба кураш дар шаҳри Ашқобод оғоз шуд ва дар сатҳи хело олӣ ҷараён дорад.

Варзишгарон дар комплекси варзишии "Basa Bas" дар ҳузури 5 000 нафар мухлис дар фазои тантанавӣ рақобатҳоро доир карда истодаанд.

Тибқи барномаи мусобиқа имрӯз мардон дар вазнҳои -90 кг, -100 кг, +100 кг ва занон дар вазнҳои -48 кг, -52 кг, -57 кг, -63 кг қувваозмоӣ мекунанд.

Мусобиқаҳоро 25 нафар доварони пуртаҷрибаи Ассотсиатсияи байналмилалии кураш назорат мекунанд. Ба онҳо 15 нафар доварони дигар дар ҷараёни мусобиқа кӯмак мерасонанд.

Ёдовар мешавем, ки мусобиқа то 28-уми ноябр дар шаҳри Ашқобод идома меёбад. Тоҷикистонро бори аввал дар таърих 7 паҳлавон аз риштаи кураш дар ин мусобиқаи бонуфуз намояндагӣ мекунанд.