Қаҳрамонии Ютта Лердам, Кокоми Мурасе ва натиҷаи Малинин дар Милано-Кортина 2026

Қаҳрамонии Ютта Лердам, Кокоми Мурасе ва натиҷаи Малинин дар Милано-Кортина 2026
Конкитози нидерландӣ Ютта Лердам дар масофаи 1000 метр барои ба даст овардани медали тилло рақобати ҷолиберо нишон дод ва рекорди олимпӣ гузошт. Ҳамватани ӯ аз Нидерланд Фемке Кок дар ҷои дуюм қарор гирифт. Михо Такаги аз Ҷопон дар ин навъи варзиши Бозиҳои олимпии Милано- Кортина 2026 медали биринҷӣ гирифт.
Аз навъи сноуборд ё худ тахтабарфсурӣ бошад Кокомо Мурасе дар Бозиҳои Олимпии Милан ва Кортина 2026 унвони қаҳрамониро моли худ кард.
Чаҳор сол пеш Кокомо Мурасе медали биринҷии олимпиро дар ин навъи варзиш ба даст оварда буд. Дар Бозиҳои Милан ва Кортина 2026, сноуборди ҷопонӣ аз навъи биг-ейр нишони тиллоро ба гардан овехт.
Вақти рақобатҳои даставӣ аз рӯи рақси рӯи ях бошад Шун Сатои ҷопонӣ рекорди нави шахсиро гузошт, аммо Иля Малинин дар ин навъи рақобатҳо барои дастаи ИМА пирӯзӣ овард ва кафолат дод, ки онҳо унвони қаҳрамонии хешро дар мусобиқаи даставӣ нигоҳ  доранд. Мунтахаби Италия дар  навбати хеш мухлисонро бо медалҳои биринҷӣ шод кард.