Аҳтам Назаров: "Ҷоми Осиё барои ҳар футболбоз мусобиқаи муҳим аст"

Аҳтам Назаров, капитани тими миллии Тоҷикистон:
- Интизориҳо аз мусобиқа хеле хубанд. Ҷоми Осиё барои ҳама мусобиқаи бузург ва муҳим аст. Мо дебютанти Ҷоми Осиё ҳастем, пеш аз мусобиқа ҳамеша ҳаяҷон ҳаст, аммо фардо он мегузарад. Мо омодаем, ки дар ҳар як бозӣ мубориза барем, то ба даври баъдӣ бароем.
Қобили зикр аст, ки бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2023 дар чаҳоргонаи “А” миёни дастаҳои мунтахаби Чину Тоҷикистон рӯзи 13 январ дар варзишгоҳи Абулло бин Халифаи шаҳри Доҳа баргузор мешавад ва соати 17-30 ба вакти маҳаллӣ (19:30 ба вақти Душанбе) оғоз мегардад.