Аббосбек Файзуллоев ба “Монако” меравад!

Аббосбек Файзуллоев ба “Монако” меравад!

Нимҳимоятгари ЦСКА-и Маскав Аббосбек Файзуллоев метавонад фаъолияти худро дар «Монако»-и Фаронса идома диҳад. Дар ин бора RB Sport хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, “Монако” омодааст, ки барои Файзуллоев 15 миллион евро пардохт кунад. Аммо дастаи шаҳри Маскав намехоҳад дар равзанаи интиқоли зимистона аз нимҳимоятгари ӯзбек ҷудо шавад.

Ёдовар мешавем, ки дар мавсими имсола Аббосбек Файзуллоеви 21-сола дар ҳайати ЦСКА 22 бозӣ карда, 3 гол ва 6 партофти головар кардааст. Портали Transfermarkt арзиши футболбозро 6 миллион евро арзёбӣ кардааст.

Соли 2023 Аббосбек Файзуллоев беҳтарин бозигари ҷавони Осиё эътироф гардида буд.