Абдулмаҷид Кудиев дар финали Бозиҳои Осиёӣ -2026

Абдулмаҷид Кудиев дар финали  Бозиҳои Осиёӣ -2026

Дар шаҳрҳои Айчӣ ва Нагояи Ҷопон рӯзи 14-уми Бозиҳои Осиёӣ дар соли 2026 баргузор шуда истодааст. Паҳлавони тоҷик Абдулмаҷид Кудиев (65 кг) аз риштаи гӯштини тарзи озод ба финали Бозиҳои Осиёӣ -2026 баромад.

Кудиев дар рақобати аввал намояндаи Қазоқистон - Начюн Кууларро бо ҳисоби 13:2 шикаст дода, ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт.

Дар ин марҳила паҳлавони кишвари мо бо ҳисоби 11:0 намояндаи Арабистони Саудӣ - Абдулатиф Муҳаммадро мағлуб карда, ба марҳилаи нимниҳоӣ расид.

Кудиев дар даври нимниҳоӣ бо ҳисоби 11:0 Кванг Ҷин Ким аз Кореяи Шимолиро шикаст дода, ба финал баромад. Дар финал Абдулмаҷид Кудиев бо Суҷит Суҷит аз Ҳиндустон барои дарёфти медали тилло талош хоҳад варзид.

Қобили зикр аст, ки корвони варзишии Тоҷикистон то имрӯз дар мусобиқаи мазкур соҳиби 2 медали тилло, 3 нуқра ва 7 медали биринҷӣ шудааст. Бо чунин натиҷа Тоҷикистон дар ҷадвали медалҳо зинаи 20-умро ишғол мекунад.

Медалҳои тиллоро аз намуди санъати муҳорибаҳои омехта Мирзобек Умаров (60 кг), Отабек Раҷабов (65 кг), медалҳои нуқраро Беҳрӯз Хуршедзода (71 кг) аз риштаи санъати муҳорибаҳои омехта, Шакармамад Мирмамадов (+90 кг) ва Ёсин Бобокалонов (-66 кг) аз намуди кураш ва медалҳои биринҷиро Махсатулло Муъминов (55 кг) аз риштаи карате-до WKF, Акмал Убайдов (60 кг) бо Парвиз Каримов (90 кг) аз намуди бокс , Сарвар Абдушукуров (-66 кг) аз риштаи кураш ва Аҳлия Муъминова (-48 кг), Муҳиддин Асадуллоев (-73 кг), Абубакр Шеров (-81 кг) аз намуди ҷудо соҳиб шуданд.

Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз соли 1994 дар ин бозиҳо иштирок намуда, то ҳоло 46 медал гирифтааст, ки 8 медали тилло, 10 медали нуқра ва 28 медали биринҷӣ мебошад.