Абдурразоқ Ҳамдалла ба кӯмаки “Ал-Ҳилол” ба Ҷоми ҷаҳонии бошгоҳҳо омад

Дастаи “Ал-Ҳилол”-и Арабистони Саудӣ ҳамлагари дастаи “Аш-Шабоб” - Абдурразоқ Ҳамдалларо ба ҳайси бозигари иҷора ба ҳайати худ ҷалб намуд. Ҳамдалла ҳоло ба тамринҳои бошгоҳ дар Орландо ҳамроҳ шудааст. Дар ин бора дар саҳифаи расмии “Ал-Ҳилол” хабар додааст.
Ин қарордод дар муддати кӯтоҳ ба имзо расид, зеро “Ал-Ҳилол” дар хатти ҳамла бо мушкили ҷиддӣ рӯ ба рӯ гардидааст. Бозигарони калидии даста Александр Митрович, Маркос Леонардо ва Салим Ал-Давсарӣ осеб бардошта, ба “Ал-Ҳилол” кӯмак карда наметавонанд.
Маврид ба зикр аст, ки “Ал-Ҳилол” имшаб дар марҳилаи чаҳорякниҳоии Ҷоми ҷаҳонии бошгоҳҳо бо тими “Флуминенсе”-и Бразилия бозӣ мекунад.
Ёдовар мешавем, ки Абдурразоқ Ҳамдалла дар мавсими гузаштаи Про-Лигаи Арабистони Саудӣ 26 бозӣ карда, 21 гол ва 2 паси головар анҷом додааст. Қаблан, дар дастаҳои “Ал-Наср” ва “Ал-Иттиҳод” бозӣ кардааст ва бо бозии “Ал-Ҳилол” ошно аст.