Ҳабиб бар зидди Гейҷи омода мешавад

Ҳабиб бар зидди Гейҷи омода мешавад

Қаҳрамони UFC дар вазни сабук - Ҳабиб Нурмагомедов барои рақобат бо размовари амрикоӣ - Ҷастин Гейҷи ба тамринҳо шуруъ кард. Қаблан размовари рус пас аз сафар ба Абу-Даби бинобар сабаби дарди дандон ба табобат фаро гирифта шуда буд.

"Ҳабиб тамрин кардаистодааст. Ҳама хуб аст", - мегуяд ҳамдастаи Ҳабиб.

Хотиррасон мекунем, ки рақобати Нурмагомедов ва Гэтжи санаи 24-уми сентябр дар доираи рақобатҳои UFC 254 дар назар аст.