Ҳабиб: “Ман аз зиндон баромадам”

Ҳабиб: “Ман аз зиндон баромадам”

Ҳабиб: “Ман аз зиндон баромадам”

Қаҳрамони собиқи “UFC” дар вазни сабук (то 70 кг) Ҳабиб Нурмагомедов дар бораи фаъолияти варзишии худ, нақл кард.

“Ман  ҳоло хушбахтам, зеро ман метавонам ҳарчӣ,ки дилам хоҳам анҷом диҳам. Ҳаёти як  варзишгар хеле душвор аст, шумо бояд ғизо, хоб, ҳолат ва тамринҳои худро назорат кунед. Барои муваффақ шудан, шумо бояд ҳама чизро ба таври комил ва саривақтӣ иҷро кунед.Ҳангоме, ки корномаи варзишии худро анҷом додам, мисле,ки ман аз зиндон берун шудам. Ман  ҳоло аз зиндагӣ лаззат мебарам. Зиндагӣ хуб аст”, гуфт Нурмагомедов дар мусоҳиба бо канали “YouTube Inspire Me Podcast”.

Ёдовар мешавем, ки Ҳабиб Нурмагомедов соли 2020 фаъолияти размкории худро анҷом бахшида буд. Ҳабиб дар охирин набарди худ дар мусобиқаи “UFC 254” муқобили Ҷастин Гэтҷи пирӯз шуда буд.