Ҳабиб VS Мейвезер. Ин рақобат чӣ гуна доир мегардад?

Ҳабиб VS Мейвезер. Ин рақобат чӣ гуна доир мегардад?

Абдулманап Нурмагомедов, падари қаҳрамони UFC дар вазни сабук Ҳабиб Нурмагомедов, оиди рақобати писараш бо муштзани машҳури амрикоӣ Флойд Мейверзер ҳарф зад ва ҳамчунин оиди шартҳои баргузории рақобат фикри худро баён кард.
“Мейвезер 50 рақобат дораду, боре ҳам мағлуб нашудааст ва дар бокс беҳамто мебошад. Акнун мехоҳад бо нафаре қувваозмоӣ кунад, ки мисли худаш боре ҳам дучори шикаст нагардидааст.
Ҳабиб омода аст, аммо ҳоло дар навбат Тони Фергюсон мебошад. Мо қаблан ҳам оиди рақобат бо Флойд гуфта будем: рақобатро бо Тони паси сар мекунем ва баъдан ним сол бо дастаи боксёри украинӣ Василий Ломаченко тамрин хоҳем кард. Ана баъд бо Мейвезер қувваозмоӣ мекунем. Флойд кай вақте ё дар куҷое, ки хоҳад, ин рақобат доир мегардад. Аммо бо як шарт: 11 раунд дар риштаи бокс қувва меозмоянд ва баъдан як раунди дигар дар риштаи ММА. Агар мо зидди беҳтарин боксёри дунё 11 раунд истодагарӣ карда тавонем, пас чаро ӯ наметавонистааст ҳамагӣ 1 раунд аз рӯи қоидаҳои ММА бо мо рақобат кунад? Ин размро интизор шавед. Аммо ҳамааш пас аз рақобат бо Тони мешавад”, - мегӯяд падари Ҳабиб Нурмагомедов.
Қаблан Мейвезер худаш дар саҳифаи “Твиттер”-аш бо як матлаб рақобати худро бо қаҳрамони феълии UFC дар вазни сабук Ҳабиб Нурмагомедов эълон карда буд.
Хотиррасон мекунем, ки Флойд Мейвезер ва президенти UFC Дана Уайт лоиҳаи муштаракро оиди баргаштани боксёр ба варзиши ҳирфаӣ омода карда истодаанд. Ҷузъиёти карордоди онҳо маълум нест. Интизорӣ меравад, ки Флойд тирамоҳи соли 2020 рақобати худро доир мекунад.