Ҳабиб ё Гэтжи, кӣ пирӯз мешавад? Ба ин савол Роналду ҷавоб мегуяд

Ҳабиб ё Гэтжи, кӣ пирӯз мешавад? Ба ин савол Роналду ҷавоб мегуяд

Форварди тими мунтахаби Португалия ва бошгоҳи туринии “Ювентус” - Криштиану Роналду дар саҳифаи инстаграмаш иброз намуд, ки дар рақобати 24-уми октябр байни размоварон Ҳабиб Нурмагомедов ва Ҷастин Гэтжи, ки дар АМА доир мешавад, Ҳабиб пирӯз мегардад.

«Албатта Ҳабиб пирӯз мешавад. Бародари ман. Худо хоҳад», — гуфт Роналду дар пахши мустақими Инстаграмаш.

Ёдовар мешавем, ки рақобати Ҳабиб ва Гэтжи санаи 24-уми октяр дар шаҳри Абу-Дабии АМА доир мешавад.