Ҳабиби нав дар UFC

Ҳабиби нав  дар UFC

Дар шаҳри Лас-Вегас бозии UFC Fight Night 178 баргузор гардид, ки дар он варзишкори чеченӣ дар ин намуди варзиш рекорди нав гузошт. Размикори чеченӣ - Ҳамзат Чимаев, ки аз номи Шветсия мусобиқа мекунад, торафт машҳур мешавад. Чанде пеш дар Лас-Вегасе мусобиқаи UFC Fight Night 178 баргузор гардид, ки дар он варзишкор бори нуҳӯм паиҳам пирӯз шуд. Чимаев бо варзишкори амрикоӣ Ҷералд Миршерт ба майдон баромад. Ин бозии басо тезутунд, танҳо чанд сония давом карду халос. Чимаев бозиро бо худбоварии хос сар кард ва дар зарбаи якум ҳарифашро беҳуш намуд.

Ин пирӯзӣ барои Чимаеве, ки торафт номитар мешавад, дар ММА 9-ум ва дар UFC 3-ум буд. Ин тактикаи ғайримаъмулии Чимаевро дар муҳорибаҳои омехта бо Ҳабиб муқоиса намуда, ӯро боз як Нурмуҳаммедов дар саҳнаи UFC меноманд.