Абубакр Шеров нишони нуқра гирифт!

Абубакр Шеров нишони нуқра гирифт!

Ҷудокори ҷавону умедбахши кишвар – Абубакр Шеров дар рӯзи якуми мусобиқаи  Ҷоми кушоди Осиё оид ба ҷудо (Aktau Asian Open 2022) нишони нура ба даст овар. Мусобиқаи мазкур  бахшида ба гиромидошти хотираи Турар Жолдибаев имрӯз дар шаҳри Актауи Қазоқистон оғоз шуд.

Абубакр имрӯз фақат бо ҷудокорони мизбон сабқат кард, ки ин то ҷое барои ӯ душвор буд, зеро ҷудокорони қазоқ дар ҳалқаи мухлисон баромад мекарданд.

Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, Абубакр то даври финалӣ роҳ ёфт. Ӯ  дар даври аввали сабқатҳо озод буда, дар даври дуюм ҳунарнамоиро шуруъ кард. Абубакр то ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтан, 3 ҷудокори мизбон – Азамат Зулжалелов, Билол Балат ва Алмас Галюмов бо сари баланд аз сари роҳ бардошт.

Дар даври ниҳоӣ Абубакр муқобили ҷудокори 24 солаи қазоқ  - Сунгат Жубаткан  хуб ҳунарнамоиро оғоз кард, лек дар идома камфаъолӣ нишон дод ва  то ҷое тарафгирии доварон ҳам боис шуд, ки Абубакр аз нишони заррини мусобиқа бенасиб монад.

Нишони нуқраи Абубакр Шеровро ба ҳама дӯсторони ҷудо ва варзиши кишвар шодбош мегӯем!