Адам Ковач “Вахш”-ро бо “Қайсар” иваз намуд

Адам Ковач  “Вахш”-ро бо “Қайсар” иваз  намуд

Дарвозабони 25-солаи словакӣ дастаи “Вахш” - Адам Ковач фаъолияти касбиашро дар Чемпионати Қазоқистон идома медиҳад. Ӯ ба дастаи “Қайсар” гузариш кард. Дар ин бора расман дастаи “Вахш” хабар додааст.

Адам Ковач дар ҳайати “Вахш” дар мавсими 2025 ҳунарнамоии арзанда нишон дода, ҳамроҳи даста медалҳои нуқраи Чемпионати Тоҷикистонро ба даст овард.

Ҳамзамон, ӯ ҳамчун беҳтарин дарвозабони Чемпионати Тоҷикистон-2025 миёни дастаҳои Лигаи олӣ эътироф гардид.

“Мо бо дастаи “Вахш” хеле мавсими хубро паси сар кардем.

Ташаккур ба дастаи “Вахш”, ташаккур ба мураббиён ва ташаккур ба тамоми мухлисон. “Вахш” ба пеш!”- гуфтааст, дар изҳороти худ Адам Ковач.

“Клуби футболи “Вахш” ба Адам Ковач барои саҳми арзандааш дар комёбиҳои даста изҳори сипос намуда, дар фаъолияти минбаъдааш барору комёбиҳо таманно мекунад.”-омадааст дар шабакаҳои иҷтимоии тими “Вахш”.

Ёдовар мешавем, ки Ковач фаъолияти клубии худро дар ватани худ оғоз кард ва баъд аз он дар дастаҳои "Нитра", "Сенитса", "Оттелас" (Кипр), "Краса", "Олимпиакос" ва "Вахш" бозӣ кард. Имсол ӯ дар чемпионати Тоҷикистон 21 бозӣ карда, 18 голро аз дарвоза гирифт ва дар охири мавсим беҳтарин дарвозабони лига эътироф шуд.