Қадам ва голи бебарорӣ Ван де Бек

Қадам ва голи бебарорӣ Ван де Бек

“Манчестер Юнайтед” мавсими нави Премйер-лигаро бо рақобат бар муқобили “Кристал Пэлас” оғоз кард. Меҳмонон аз сонияҳои аввали рақобат хело ҳам муттаҳид буда, дар як ҳуҷуми худ бо голи задаи Таунсэнд пешсаф шуданд. То хотимаи нимаи аввали рақобат “Юнайтед” вақти зиед дошт, аммо даста наметавонист, ки хати ҳимояи рақибро рахна созад. “Пэлас” имконият дошт, ки бо ҳисоби 0-2 ба танаффус равад, вале Де Хеа сейви олӣ анҷом дод. Дар оғози нимаи дуюм Сулшер Мейсон Гринвуд ва Донни ван де Бекро ба майдон ворид кард. “Кристал Пэлас” баъди як аксулҳуҷуми худ пеналти кор кард ва зарбаи Айюро Де Хеа баргардонид. Бо сабабе ки ҳангоми иҷрои зарба пойҳои Де Хеа дар болои хат набуданд довар ишора намуд, ки пеналти дубора иҷро шавад ва маротибаи дуюм Уилфрид Заа гол зад. Донни ван де Бек дар дақиқаи 80-ум “МЮ”-ро ба бозӣ баргардонид. Аммо иштибоҳи Виктор Линделеф ва голи задаи Уилфрид Заа дар дақиқаи 85-ум ғалабаи “Кристал Пэлас”-ро бо ҳисоби 1-3 таъмин кард. Дар шаш соли охир бори аввал “Юнайтед” дар бозии аввали мавсим ноком шуд. Бори охир онҳо соли 2014 аз “Суонси” шикаст хурда буданд.