Қадами навбатии “Моҳир” сӯи қаҳрамонӣ

Қадами навбатии “Моҳир” сӯи қаҳрамонӣ

Бозиҳои даври панҷуми Лигаи «Умед» дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон байни дастаҳои наврасони соли таваллудашон 2005 (U-15) баргузор гардид. Дар ин мусобиқа, дар даври панҷум дастаи наврасони “Моҳир”-и ноҳияи Ёвон бо тими “Саддам”-и шаҳри Левакант рақобат намуд, ки наврасони “Моҳир” бар ҳамтоёни худ бо ҳисоби калони 12:1 зафар ёфтанд. Ҳамчунин, дар ин давр дастаи “Бешкент”-и Н. Хусрав дар майдони худ бо тими “Панҷшер”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ андари майдони рақобат шуд, ки дар натиҷа, наврасони “Бешкент” бо ҳисоби 4:0 ғалаба намуданд.

Дастаи “Чашма”-и ноҳияи Шаҳритуз бошад, бо тими “Пахтакор”-и ноҳияи Қубодиён вохӯрӣ анҷом дод. Дидори дастаҳо ҷолиб сурат гирифт, ки бозӣ бо ҳисоби 3:2 ба суди мизбонон ҷамъбаст шуд.

Лигаи “Умед” (U-15). Даври панҷум

1.“Моҳир” – “Саддам” 12:1

2. “Бешкент”- “Панҷшер” 4:0

3. “Чашма”- “Пахтакор” 3:2 

Хадамоти матбуотии Федератсияи футболи вилояти Хатлон