Қадами устувори “МЮ” барои роҳ ёфтан ба даври ниҳоии Ҷоми Лигаи Англия

Қадами устувори “МЮ” барои роҳ ёфтан ба даври ниҳоии Ҷоми Лигаи Англия

Дар бозии аввали даври ниманиҳоии Ҷоми Лигаи Англия «Нотингем Форест» дар мизбонӣ аз  «Манчестер Юнайтед» бо ҳисоби 0 бар 3 ноком гардид.

“Девҳои сурх” ҳанӯз дар қисми аввал бартариро соҳиб шуда, бо тафовути 2 гол ба танаффус баромаданд.  Голи дебютиро дар бозии сеюми худ дар ҳайати даста ҳамлагари ҷадид Вегхорст ба самар расонид. Рашфорд низ гол зад. Дар охири вохӯрӣ Бруно Фернандеш бо голи ба самар расонидаш дар ҳисоб нуқта гузошт.

Ёдовар мешавем, ки бозии ҷавобии дастаҳо рӯзи 1-уми феврал дар шаҳри Манчестер  баргузор мегардад.

Ҷоми Лигаи Англия  | Даври 1/2 – ниҳоӣ  | Бозии аввал

«Ноттингем Форест» – «Манчестер Юнайтед» 0:3

Голҳо: Рэшфорд, 6, Вегхорст, 45, Бруну Фернандеш, 89

«Ноттингем»: Хеннесси, Орйе, Маккенна, Уоррелл, Лоди (Уилямс, 73), Фройлер, Скарпа (Лингард, 64), Данило (Колбэк, 58), Гиббс-Уайт (О`Брайен, 73), Серриҷ (Деннис, 64), Ҷонсон.

«Манчестер Юнайтед»: Де Хеа, Уан-Биссака, Линделеф, Мартинес, Маласиа, Эриксен (Фред, 71), Каземиро, Бруну Фернандеш, Вегхорст (Эланга, 85), Рэшфорд (Гарначо, 57), Антони (Пелйистри, 71).

Огоҳӣ гирифт: Пелйистри