Ҷадд Трамп ба финали сабқати снукери World Open — 2024 баромад

Снукербози англис Ҷадд Трамп, рақами дуюми раддабандии ҷаҳонӣ ба финали сабқати World Open — 2024, ки дар Юйшани Чин идома дорад, роҳ ёфт. Дар бозии ниманиҳоии хеш ин варзишгар ба осонӣ нисбати снукербози 52-солаи уелсӣ Ҷексон Пейҷ зафар ёфт. Вохӯрӣ бо ҳисоби 6:2 ба анҷом пазируфт.
Дар рақобати ниманиҳоии дигарӣ, ки имрӯз, 23-юми март доир мешавад, Сзюнхуэй Дини чиноӣ (рақами нӯҳуми раддабандии ҷаҳонӣ) ва Нил Робертсон аз Австралия (15-умин снукербозӣ ҷаҳон) ба ҳам меоянд.
Ёдовар мешвем, ки пешсафи раддабандии ҷаҳонӣ Ронни О`Салливани англис ба раобатҳои хеш дар марҳилаи 1/8 ниҳоии мусобиқа баъди бохт аз Ҳусейн Вафоӣ аз Эрон нуқта гузошт.
Финали мусобиқа рӯзи якшанбе, 24-уми март доир мешавад. Қобили қайд аст, ки Ҷадд Трамп ғолиби феълии ин мусобиқа дониста мешавад.
Сарчашма: "Чемпионат"