Адемола Лукман “Аталанта”-ро бо “Атлетико Мадрид” иваз кард
Бошгоҳи “Атлетико Мадрид” расман аз расидан ба созишномаи комил оид ба гузариши ҳамлагари “Аталанта” Адемола Лукман хабар дод. Дар айни ҳол форварди тими миллии Нигерия дар шаҳри Мадрид қарор дорад.
Тибқи иттилои расмии бошгоҳ, футболбоз ба пойтахти Испания барои гузаштан аз муоинаи тиббӣ ва имзои шартномаи нав ворид шудааст. Ба маълумоти инсайдери маъруф Фабритсио Романо, маблағи гузариш 35 миллион €-ро ташкил дода, шартнома ҳамчунин пардохти бонусҳо ба маблағи боз 5 миллион €-ро дар бар мегирад.
Адемола Лукмани 28-сола аз тобистони соли 2022 дар ҳайати “Аталанта” ҳунарнамоӣ карда, бо бозии самаранокаш фарқ мекард. Дар давоми ин муддат ӯ дар ҳайати бошгоҳи Бергамо 137 бозӣ анҷом дода, 55 гол ба самар расонда ва 27 паси головар анҷом додааст.
Қобили зикр аст, ки соли 2024 муваффақтарин сол дар фаъолияти касбии Лукман ба ҳисоб меравад. Ӯ бо “Аталанта” ғолиби Лигаи Аврупо гардид, унвони беҳтарин футболбози қитъаи Африқоро соҳиб шуд ва дар овоздиҳӣ барои ҷоизаи “Тӯби тиллоӣ” ҷойи 14-ум-ро ишғол намуд.