Адриана Руано аввалин медали тиллои олимпиро дар таърихи Гватемала ба даст овард
Адриана Руано Олива дар намуди тирпарронӣ қаҳрамони олимпӣ шуд. Намояндаи Гватемала дар даври финали мусобиқа аз 50 нишон, 48-тоашро бомуваффақият ба ҳадаф расонида, рекорди олимпӣ гузошт.
Рекорди қаблӣ 43 хол буд ва дар Токио аз ҷониби намояндаи Словакия Зузана Рехак-Штефекова гузошта шуда буд.
Ин сеюмин медали олимпӣ барои Гватемала ва аввалин тилло аст. Соли 2012 дар Лондон Эрик Баррондо дар давидан ба масофаи 20 километр барандаи медали нуқра гардид. Жан-Пйер Брол дар Париж 2024 дар тирпарронӣ медали биринҷӣ ба даст овард.
Бозиҳои олимпии Париж - 2024
Тирпарронӣ, финал
1. Адриана Руано (Гватемала) – 45
2. Мария Силвана Станко (Италия) – 40
3. Пенни Смит (Австралия) – 32