Ҷадвали бозиҳои Лигаи чемпионҳо дар рӯзи 26-уми июл

Ҷадвали бозиҳои Лигаи чемпионҳо дар рӯзи 26-уми июл

Имрӯз, 26-уми июл бозиҳои марҳилаи дуюми интихобии Лигаи чемпионҳои мавсими-2023/2024 доир мешаванд.

Бозиҳои рӯзи 26-уми июл (оғози бозиҳо — вақти Душанбе):

22:00. «Арис» (Кипр) — «БАТЭ» (Белоруссия);

22:00. «Шериф» (Молдавия) — «Маккаби» (Хайфа, Исроил);

23:15. «Ракув» (Полша) — «Қарабоғ» (Озарбойҷон);

23:45. «КИ Клаксвик» (Ҷазираҳои Фарер) — «Хеккен» (Шветсия);

23:45. «Лудогорес» (Булғористон) — «Олимпия» (Любляна, Словения).

Пештар ҳарифони эҳтимолии дастаҳои иштирокчии марҳилаи сеюми интихобӣ маълум гардиданд. Қобили қайд аст, ғолиби ҷуфти «Арис» — «БАТЭ» бо дастаи зӯртарин аз миёни «Ракув» ва «Қаробоғ» бозӣ мекунад. Дар сурати гузаришаш ба марҳилаи баъдӣ «Астана» бо АЕК вомехӯрад.