Афғонистон марҳилаи интихобии ҶҶ-2022-ро бо ғалаба оғоз кард

Афғонистон марҳилаи интихобии ҶҶ-2022-ро бо ғалаба оғоз кард

Чуноне, ки ба ҳамагон маълум аст, мунтахаби Афғонистон бо сабаби номусоидии вазъи сиёсии кишвараш бозиҳои хонагиашро дар марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 дар Душанбе баргузор мекунад. Дирӯз, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе мунтахаби Афғонистон бо тими миллии Бангладеш майдондорӣ кард. Бозии тимҳо пуршиддат сурат гирифта, бо ҳисоби минималии 1:0 ба суди мизбонон хотима ёфт. Ягона голи ин дидорро Фаршад Нур дар дақиқаи 27-ум ба самар расонид. Дар айни замон яккачини Афғонистон бо касби се хол дар зинаи сеюми гурӯҳи “Е” қарор дорад. Ёдовар мешавем, ки ин нахустин бозии Афғонистон дар гурӯҳаш ба шумор меравад.

Ҷоми ҷаҳон-2022

Марҳилаи интихобӣ. Даври дуюм

Гурӯҳи «Е». Бозии дуюм

Афғонистон – Бангладеш – 1:0

Гол: Фаршад Нур 27.