Ҳафт банди ашк. Чӣ тавр Буэнос-айрес, Неапол ва тамоми ҷаҳон бо Марадона видоъ карданд

Ҳафт банди ашк. Чӣ тавр Буэнос-айрес, Неапол ва тамоми ҷаҳон бо Марадона видоъ карданд

Дунё барои футболбози бузург мотам мегирад.

Шаби гузашта дар варзишгоҳи "Бока Хуниорс" чароғҳо танҳо дар як ҷо хомӯш карда нашуданд – дар утоқи Диего Марадона. Ва субҳ дар саросари ҷаҳон рӯзномаҳо ба табъ мерасиданд, ки сафҳаи аввали онҳо ба ин афсонаи футбол бахшида шуда буданд.

Худоё, хайр, ҷовидонӣ - калимаҳои хосе буданд, ки ВАО бораи хабар додани марги Диего истифода намуданд. Рӯзномаи аргентинии " Ole " бо сарлавҳаи "1960 - ҷовидонӣ" нашр шуд. Санаи аввал - соли таваллуди Марадона аст. Дар муқоваи рӯзнома бошад акси футболбози маъруф нашр шуд. Аксе, ки ӯ Ҷоми ҷаҳонро бо шавқ мебӯсад. Газетаи фаронсавии “L'Equipe” 20 саҳифаи худро ба ёддошти Марадонаи бузург ба интишор расонд.

Рӯзномаи дигари ҷамъиятиву сиёсии фаронсавии “Liberation” дар саҳифаи аввали худ таҳти сарлавҳаи "Осмонӣ" (тими миллии Аргентина "Осмони кабуд" номида мешавад) матлаберо нашр намуда, панҷ саҳифаи худро ба ин футболбози бузург бахшидааст.

Рӯзномаи “Mundo Deportivo”-и Испания бо сарлавҳаи "AD10S" ва тасвири Марадонаи ҷавон матлаб нашр намуд. Футболбози маъруфи аргентинӣ дар мунтахаби Аргентина бо шумораи 10 баромад карда аст.

Бритониёҳо, албатта, голи бо даст ба дарвозаи мунтахаби Англия задаи Марадонаро дар Ҷоми ҷаҳонии Мексика ба ёд оварданд. Рӯзномаи англисии “Daily Mirror” дар сафҳаи аввал бо сарлавҳаи "Ӯ дар дасти Худо аст" матлаб интишор намуд.

Дар бораи даргузашти Марадонаи бузург тамоми ВАО-и ҷаҳон матлабҳо интишор карданд. Аз ҷумла, дар Арабистони Саудӣ бо сарлавҳаи "Футбол ақлашро гум кард", дар нашрияҳои Португалия зери сарлавҳаи "Охирин Финт", дар рӯзномаҳои Уругвай бо сарматни "Шумо ба кадом сайёра рафтед?" мақолаҳо чоп шуданд. Дар маҷсуъ, дар ҳама ҷо. Зеро Марадона "Доҳӣ" аст.

Газетаи “La Gazzetta dello Sport”-и Итолиё дар сафҳаи аввали худ акси Диегоро бо иқтибос аз суруди "Ман Марадонаро дидам" нашр намуд. Ин суханон тамоми рӯз дар назди варзишгоҳи Неапол, ки ҳоло номи Марадонаро дорад, садо доданд. Марадона ҷараёни таърихи футболи Италияро дигаргун сохт. Амалан яктан "Наполи" -ро ба чемпионӣ расонд. Акнун дар бисёр хонаҳо чун рамзи эҳтиром акси кӯҳнаи Марадона бо либоси кабуд овезон карда шудаст.

Видоъ дар Буэнос-Айрес субҳи пас аз марг оғоз ёфт. Ҷасади Марадонаро ба қасри президенти "Каса Розада" бурданд. Дафъаи охирин даҳ сол пеш бо президент Нестор Киршнер чунин видоъ карда буданд. Тобути Диего бо парчами Аргентина пӯшонида шуда, дар болои он як ҷомаи рахдори рахи сафед ва кабуд дошта, бо рақами даҳ гузошта шуда буд.

Интизор мерафт, ки тақрибан як миллион нафар барои видоъ бо Диего омаданд. Одамон барои субҳ ба дохили хона рафтан, аз бегоҳ навбат истода тамоми шабро дар кӯчаҳо рӯз карданд.

Аз ин сабаб, бо пулис бархӯрдҳои ҷудогона ба амал омаданд, аммо вазъият мураккаб нашуд ва таҳти назорат қарор гирифт.

Президенти Аргентина Алберто Фернандес низ барои видоъ бо қаҳрамони миллат омад. Вай пероҳани клуби футболи “Аргентинос Хуниорс”-ро болои тобут гузошт. Диего дастпарвари мактаби ин бошгоҳ буд.

Дарҳол пас аз марги Марадона дар кишвар мотами серӯза эълон карда шуд.

Мардум дар Буэнос-Айрес дар гармии сӣ дараҷа истода, ашкҳои худро нигоҳ дошта натавониста, бо Марадона видоъ мекарданд. Навбати азим, ки аз ҳафт қатор иборат буд ғамгину хомӯш афсонаи футболи ҷаҳониро падруд мегуфтанд. Ҳатто мухлисони “Бока” ва “Ривера”, ки аз рақибони сарсахти “Аргентинос Хуниорс” ба ҳисоб мераванд, тобути Марадонаи беҳамторо ба оғӯш гирифтанд.

Ҳамин тавр, Марадона бори дигар номумкинро мумкин ва парешониро якҷоя сохт.

Ором бихоб, Диего!

Манбаъ: nurali.khorkashev