Агенти Роналду барои гузариши ӯ ба “Реал” талош дорад

Агенти Роналду барои гузариши ӯ ба “Реал” талош дорад

Пас аз Ҷоми Ҷаҳон эҳтимол аст, ки Криштиану Роналду ба дастаи “Реал Мадрид” бипайвандад.

Агенти футболбози португалӣ барои Роналду ҳоло дар ҷустуҷӯи тими ҷадид ҳастанд. Ҳамчунин, қайд карда мешавад, ки аз ҷониби  дастаҳо таваҷҷуҳ ба Роналду хело кам аст.

Ҳоло дар ҳайати “Реал Мадрид” – Карим Бензема бо сабаби осеб як муддат ба тим кӯмак карда наметавонад. Дар ин робита ба бошгоҳ пешниҳод шудааст, ки Роналдуро ба муддати шаш моҳ ба ҳайати даста ҷалб намоянд.

Тибқи хабаргузории  Marca,  бошгоҳи “Реал Мадрид” ҳоло  чунин пешниҳодро қабул накардааст ва онро мавриди баррасӣ қарор додааст.

Қаблан,  Криштиану «Манчестер Юнайтед» ва мураббии дастаро танқид карда буд. Роҳбарияти бошгоҳи шаҳри Манчестер ҳамин тавр моҳи январ бо Роналду хайру хуш мекунанд.