Ҳаким Фузайлов сармураббии “Динамо” шуд

Ҳаким Фузайлов сармураббии “Динамо” шуд

Мутахассиси тоҷик собиқ сармураббии тими миллии Тоҷикистон ва дастаҳои футболи “Истиқлол”-и Душанбе, инчунин “Хуҷанд”-и Хуҷанд - Ҳаким Фузайлов сармураббии тими футболи “Динамо”-и шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон интихоб шуд.  Мутахассиси 56 солаи тоҷик бо ин дастаи шаҳри Самарқанд барои як сол қарордоди ҳамкорӣ ба имзо расонидааст. Роҳбарияти дастаи “Динамо” дар назди ситоди мураббиёни нави худ вазифа гузоштааст, ки дастаро дар мавсими ҷорӣ ба Суперлигаи Ӯзбекистон барорад. Дар сурати амалӣ гардидани ин нақша шартнома бо Ҳаким Фузайлов тамдид карда мешавад. Ёдовар мешавем, ки ин мутахассиси тоҷик соли 2000 –ум  бо дастаи “Динамо” кор кардааст.