Ҳаким Зиеш ба "ПСЖ" иҷора дода мешавад

Ҳаким Зиеш ба "ПСЖ"  иҷора дода мешавад

Нимҳимоятгари дастаи “Челси” – Ҳаким Зиеш ба дастаи “ПСЖ” ба иҷора равон карда мешавад. Дар ин бора рӯзноманигор Фабритсио Романо хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, дастаҳо  ҳоло ҳам имкони интиқоли ин футболбози 29-солаи марокаширо баррасӣ мекунанд. Худи футболбоз барои интиқол ба бошгоҳи шаҳри Париж изҳори розигӣ додааст. Пас аз гуфтушуниди ҷонибҳо имрӯз тақдири Зиеш ҳал мешавад, ки дар “Челси” боқӣ мемонад ва ё ба “ПСЖ” меравад.  

Ёдовар мешавем, ки Зиеш  дар ин мавсим дар тамоми мусобиқаҳо 15 бозӣ анҷом дода, як ассист кардааст. Шартномаи ӯ бо «Челси» то тобистони соли 2025 амал мекунад. Portal Transfermarkt арзиши футболбозро 20 миллион евро арзёбӣ кардааст.