Ҳакимов аз собиқ қаҳрамони ҷаҳон мағлуб шуда, мусобиқаро тарк намуд!

Ҳакимов аз собиқ қаҳрамони ҷаҳон мағлуб шуда, мусобиқаро тарк намуд!

Дар рӯзи шашуми Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар шаҳри Будапешти Маҷористон рақобатҳо дар вазни 78 кг миёни бонувон ва дар вазни 100 кг миёни мардон ҷараён дорад.

Тоҷикистонро дар умум 9 ҷудокор дар ин мусобиқаи бонуфуз муаррифӣ доранд, ки дар рӯзи шашум Кароматулло Ҳакимов ва Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 100 кг ҳунарнамоӣ доранд.

Паҳлавони мо Кароматулло Ҳакимов дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо ҳама зӯру тавон муқобили собиқ қаҳрамони ҷаҳон Арман Адамиан (IJF) мубориза бурда, мувоҷеҳи шикаст шуд ва аз идомаи рақобатҳо бенасиб монд.

Дар вазни то 100 кг аз зумраи муддаён Зелим Котсоев, Арман Адамиан, Илиа Суламанидзе, Ҷаҳонгир Маҷидов ва Ҷаъфар Костоев маҳсуб мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки дар рӯзи дуюми мусобиқа ҷудокорони тоҷик Эмомалии Нуралӣ ва Обид Ҷебов дар вазни 66 кг соҳиби нишонҳои фахрӣ гардиданд. Эмомалӣ медали нуқра ва Обид соҳиби нишони биринҷӣ шуд.