Акмалиддин Каримов барандаи нишони биринҷии Қаҳрамонии ҷаҳони самбо -2023

Акмалиддин Каримов барандаи нишони биринҷии Қаҳрамонии ҷаҳони самбо -2023

Имрӯз дар шаҳри Еревани Арманистон – Қаҳрамонии ҷаҳони самбо -2023 оғоз шуд. Тоҷикистонро дар рӯзи якуми мусобиқа Акмалиддин Каримов ва Хушқадам Хусравов намояндагӣ карданд. Паҳлавони тоҷик Акмалиддин Каримов ба гирифтани нишони биринҷӣ даст ёфт. Хушқадам Хусравов дар даври аввал ноком шуда, аз идомаи мусобиқа маҳрум шуд.

Паҳлавони соҳибном ва серҷоизатарини тоҷик дар риштаи самбо - Акмалиддин Каримов рақобатҳоро дар даври аввал оғоз кард. Рақиби паҳлавони мо Кайрат Уулуи қирғиз буд. Қувваозмоии паҳлавонон бисёр шадид ҷараён гирифт. Нахуст шуда, паҳлавони қирғиз аз Акмалиддин имтиёз ситонид, лек дар идома паҳлавони мо тавонист, ки 10 имтиёз кор карда, натиҷаро 10-4 намояд ва бо усули буғӣ кардан, музаффарият ба даст биёрад. Дар даври чаҳорякниҳоӣ Акмалиддин аз садди роҳ Жассулан Наримонови қазоқро бо бартарии як имтиёз дур карда, ба даври ниманиҳоии Қаҳрамонии ҷаҳони самбо дар Ереван баромад ва бо Саян Хертеки рус нерӯсанҷӣ намуд.

Акмалиддин Каримов дар вазни то 58 кг бо Саян Хертеки рус маротибаи сеюм мубориза бурд, лек ин маротиб рақобати онҳо дар даври ниманиҳоӣ сурат гирифт. Қаблан Акмалиддин ва Хертек ду маротиба дар финали Қаҳрамонии ҷаҳони самбо бо ҳам вохӯрда буданд. Соли 2017 дар Сочи паҳлавони мо аз Хертек мағлуб шуда, соҳиби нишони нуқра шуд. Соли 2021 дар Тошканд паҳлавони мо Акмалиддин Каримов тавонист, ки бар Саян Хертек пирӯз шуда, соҳиби нишони тилло бигардад.

Ин маротиб Саян Хертек тавонист, ки аз худ дар ҷараёни рақобат ҳунару маҳорати воло нишон диҳад ва имтиёзҳои бештарро соҳиб шавад. Хертек тавонист, ки бо ҳисоби 8-0 муқобили Акмалиддин Каримов зафар ёбад.

Ҳамин тавр, Хертек ба финал роҳ ёфту, Акмалиддин барои нишони биринҷӣ бо Ҷайеонг Шин аз Кореяи Ҷанубӣ муборизаро идома дод. Дар ин нерӯсанҷӣ Акмалиддин бо бартарии 2 имтиёз пирӯз шуда, барандаи нишони биринҷии Қаҳрамонии ҷаҳони самбо дар Арманистон гардид.

Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистонро дар мусобиқаи мазкур Акмалиддин Каримов (-58кг), Хушқадам Хусравов (-64кг), Деваштич Убайдӣ (-79кг), Зафар Олимшоев (-88кг), Бахтовар Замиров (-98) ва дар самбои размӣ Бобохон Мирзозода (-58кг), Сорбон Латипов (-64кг), Худоёр Раҷабов (-71кг), Сарвар Ҳотамбекзода (-88кг) муаррифӣ мекунанд.

Қобили зикр аст, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон се қаҳрамони ҷаҳон дар самбо Беҳрӯз Хоҷазода (2017), Хушқадам Хусравов (2018), Акмалиддин Каримов (2021) дорад.