“Ал-Ҳилол” бори 4-ум ғолиби Суперҷоми Арабистони Саудӣ шуд
Бошгоҳи “Ал-Ҳилол”-и Арабистони Саудӣ силсилаи ғалабаи бебаҳои худро дар таърихи футбол идома медиҳад, ки он ба 34 бозӣ расид.
Дирӯз шогирдони Хорхе Жезус бар тими «Ал-Иттиҳод» бо ҳисоби 4:1 пирӯз шуда, Суперҷоми Арабистони Саудиро ба даст оварданд. «Ал-Ҳилол» барои чаҳорумин бор дар таърихи худ ин ҷоизаро ба даст овард.
Пирӯзии “Ал-Ҳилол” ба шарофати дубли Малком ва голи Салем Ал-Давсари ва Носир Ал-Досари ба даст омад. Ҳамлагари тими “Ал- Иттиҳод” Карим Бензема давоми 90 дақиқа дар майдон буд, лек амали муассире надошт. Ягона голи тими Ҷиддаро Абдураззоқ Ҳамдулла ба самар расонид.
Ёдовар мешавем, ки дар даври ниманиҳоӣ “Ал-Ҳилол” бар дастаи “Ал-Наср” пирӯз шуд ва Криштиану Роналду дар як ҳодисаи ҷанҷолӣ корти сурх гирифта буд.
