“Ал-Ҳилол” омодааст, ки Рафаэл Леауро бо арзиши 100 млн евро харидорӣ кунад

“Ал-Ҳилол” омодааст, ки  Рафаэл  Леауро бо арзиши 100 млн евро харидорӣ кунад

Дастаи «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудӣ ба ҳамлагари тими “Милан” – Рафаэл Леау мароқ зоҳир кардааст. Дар ин бора O Jogo хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, ҳамватанаш Хорхе Жезус, ки сармураббии дастаи “Ал-Ҳилол” аст ба харидории ин футболбози 24-солаи португалӣ таваҷҷӯҳ дорад.

“Ал-Ҳилол” омода аст барои футболбоз 100 миллион евро пешниҳод кунад. Шартномаи Леау бо “Милан” дорои банди озодии 175 миллион евро мебошад ва дар моҳи апрел директори генералии «Милан » Ҷорҷио Фурлани гуфта буд, ки клуб нақшаи фурӯши ҳамлагари ин тобистонро надорад.

Леау аз моҳи августи соли 2019 дар ҳайати «Милан» бозӣ мекунад. Дар мавсими 2023/24 форвард дар 46 бозӣ дар тамоми мусобиқот 14 гол ва 14 ассист кардааст.