“Ал-Ҳилол” пешсафиро дар Про-Лигаи Арабистони Саудӣ идома медиҳад

Дар доираи бозиҳои даври 18-уми Чемпионати Арабистони Саудӣ дастаҳои “Ал-Ҳилол” ва “Ал-Ухдуд” ба ҳам омаданд. Вохӯрии дастаҳо дар шаҳри Риёз доир шуда, бо ҳисоби бузурги 4 бар 0 ба суди тими “Ал-Ҳилол” ба анҷом расид.
Ҳисоб дар дақиқаи 4-уми бозӣ кушода шуд. Кайо Сезари бразилӣ дар бозии дебютии хеш дар ҳайати “Ал-Ҳилол” ба задани гол шарафёб гардид. Милинкович –Савич дар дақиқаи 43-юми бозӣ аз зарбаи ҷаримавӣ голи зебоеро ба дарвозаи Пауло Витор зад.
Дар дақиқаи 45+2-юми вохӯрӣ аз паси головари Тамбакти ба задани гол Маркос Леонардо даст ёфта, ҳисобро 3 бар 0 намуд. Дар дақиқаи 55-уми бозӣ Маркос Леонардо нуқтаи ниҳоиро дар ҳисоб гузошт.
Бо ин ғалаба, “Ал-Ҳилол” ҳоло бо 46 имтиёз пешгоми ҷадвали мусобиқа мебошад. “Ал-Ухдуд” бо 15 имтиёз дар зинаи 14-ум аст.
Дар бозии навбатӣ “Ал-Ҳилол” бо “Дамак” рӯзи 8-уми феврал бозӣ мекунад. “Ал-Ухдуд” дар ҳамин рӯз бо тими “Ал-Иттифоқ” вомехӯрад.