“Ал-Иттиҳод” ба Месси маблағи ҳангуфт пешниҳод кардааст
Дастаи «Ал-Иттиҳод»-и Арабистони Саудӣ ба ҳамлагари аргентинии дастаи «Пари Сен-Жермен» Лионел Месси шартномаи калон пешниҳод мекунад.
Ба иттилои Marca, бошгоҳи Арабистони Саудӣ бо наздикони аргентинии 35-сола тамос гирифта, барои ҳар мавсиме, ки дар даста мегузаронад 94 миллион доллар шартнома пешниҳод кардааст.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки Месси ҳоло ҳам мехоҳад корномаашро дар Аврупо идома диҳад ва пешниҳодҳои MLC ва дастаҳои Арабистони Саудиро баррасӣ намекунад.
Дар мавсими имсола ҳамлагар дар 28 бозӣ дар ҳайати “ПСЖ” ба майдон баромада, 17 гол ва 16 ирсоли головар анҷом додааст. Шартномаи ҳамлагари аргентинӣ тобистони имсол бо бошгоҳи шаҳри Париж ба анҷом мерасад.