“Ал-Иттиҳод” барои футболбози “Арсенал” 35 миллион пешниҳод кардааст

“Ал-Иттиҳод” барои футболбози “Арсенал” 35 миллион пешниҳод кардааст

Дар Аврупо равзанаи интиқоли футболбозон аллакай баста шуд, аммо дар  Арабистони Саудӣ то ба ҳол идома дорад.Бошгоҳои  Арабистони Саудӣ чанд рӯзи дигар метавонанд, то бозигарони навро ба ҳайат шомил созанд.

Ба гуфтаи  Фабрисио Романо, "Ал Иттиҳод" ба "Арсенал" барои  Леонардо Троссард 35 миллион евро пешниҳод кардааст. Ин пешниҳоди расмӣ пеш аз мӯҳлати охирини равзанаи интиқоли Лигаи бартари Арабистони Саудӣ ба миён омад, зеро Ал Иттиҳод дар  ҷустуҷӯи футболбози нав аст.

Дар ҳоли ҳозир, тасмими ин ки футболбоз дар Арсенал мемонад ё не аз худи бошгоҳи Арсенал вобастагӣ дорад, зеро Троссард як бозигари калиди барои Артета аст.

Ёдовар мешавем, ки дар рӯзи охирини равзанаи интиқоли тобистона "Арсенал" Раҳим Стерлингро аз "Челси" ба иҷора гирифта буд.