“Ал-Иттиҳод” бидуни Бензема бо ғалаба мавсими нави Лигаи Қаҳрамонҳоро оғоз кард
Мавсими нави Лигаи Қаҳрамонҳои Осиё шуруъ шуд. Дар доираи бозиҳои даври аввали марҳилаи гурӯҳӣ дастаҳои “Ал-Иттиҳод”-и Арабистони Саудӣ ва АГМК – Ӯзбекистон андари майдони рақобат гардиданд.
Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи шоҳ Абдулло Спортс Сити – и шаҳри Ҷидда доир гардида, бо ҳисоби 3 бар 0 ба суди дастаи “Ал-Иттиҳод” анҷом ёфт.
Голҳоро дар ҳайати дастаи “Ал-Иттиҳод” – Ҳарун Камара ва ду маротиба Ромаринйо ба самар расониданд.
Дар ҳайати дастаи “Ал-Иттиҳод” – Карим Бензема ва Жота ба майдон набаромаданд. Ҳамчунин, бозигари калидии даста Абдураззоқ Ҳамдулло осеб бардошта майдонро тарк кард.
Дар бозии дигари гурӯҳи “С” дастаҳои “Ал-Кува Ал-Ҷавия”-Ироқ бо “Сипоҳон”-и Эрон андари майдони рақобат гардида, бозиро мусовӣ 2 бар 2 ба анҷом расонид.
Ҳоло дар гурӯҳи “С” дастаи “Ал-Иттиҳод” бо 3 имтиёз садрнишин аст. Дастаҳои Ал-Кува Ал-Ҷавия”-Ироқ ва “Сипоҳон”-и Эрон 1 имтиёзи дар ҳисоб доранд. АГМК бидуни имтиёз аст.
Ёдовар мешавем, ки дастаи “Ал-Иттиҳод” пас аз 3 сол дигарбора дар Лигаи Қаҳрамонҳои Осиё имкони баромад карданро пайдо кард. АГМК пас аз 2 сол роҳхати иштирокро дар Лигаи Қаҳрамонҳои Осиё соҳиб шуд.