«Ал-Иттиҳод» соҳиби мураббии шӯҳратманд мегардад

Марсело Галярдои аргентинӣ пешниҳоди манфиатовари саудиёнро қабул намуд. Ин ҳам нафарест, ки то соли 2022 дар масири 9 сол дастаи зодгоҳаш «Ривер Плейт»-ро тамрин медод.
Маҳз барои ҳамин заҳматаш мураббии номбурда соҳиби пайкараи 8-метра гардид.
Бино ба маълумоти хабаррасон Фабрисио Романо «Ал-Иттиҳод» баъди даст кашидани собиқ мураббии «Вулверхэмптон» ва «Реал» Хулен Лопетеги ба номзадии аргентинии 47-сола муроҷиат кардааст.
«Ал-Иттиҳод» рӯзи 8-уми ноябр оиди аз вазифа сабукдуш кардани сармураббӣ Нуну Эшпириту Санту эълон намуда буд. Гуфта мешуд, ки то ин дам миёни муттахассиси португалӣ ва яке аз пешвоёни даста Карим Бензема муноқиша сар задааст.
Баъди 13 давр даста бо 24 хол дар зинаи панҷуми чемпионати Арабистони Саудӣ қарор дорад.