“Ал-Наср” қаҳрамони Осиёро шикаст дода, пешсафиро дар Про-Лига идома медиҳад
Дар доираи бозиҳои даври 30-юми Про-Лигаи Арабистони Саудӣ дастаҳои “Ал-Наср”-и шаҳри Риёз ва “Ал-Аҳлӣ “-и шаҳри Риёз андари майдони рақобат шуданд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Ал-Аввал Парк”-и шаҳри Риёз доир шуда, бо ҳисоби 2 бар 0 ба суди соҳибони майдон хотима ёфт.
Ҳисоб дар дақиқаи 76-уми бозӣ аз ҷониби Криштиану Роналду боз шуд. Паси головарро Жоау Феликс марбути номи хеш кард. Барои Роналду ин голи 970-ум дар корномаи футболбозӣ ба ҳисоб меравад ва барои расидан ба 1000 гол ҳамагӣ 30 голи дигар боқӣ мемонад.
Дар дақиқаи 90-уми бозӣ аз паси головари Айман Яҳё истифода намуда, Кингсли Коман гол зада, нуқтаи ниҳоиро дар ҳисоб гузошт.
Дастаи “Ал-Наср” шикастнопазир буда, ҳоло бо касби 79 имтиёз дар зинаи аввали Про-Лига мебошад. “Ал-Аҳлӣ” бо 66 имтиёз дар зинаи сеюм аст. Бошгоҳи шаҳри Ҷидда ғолиби мавсими имсола ва гузаштаи Лигаи Чемпионҳои Элитаи Осиё аст.
Ёдовар мешавем, ки дар даври оянда, “Ал-Наср” бо “Ал-Қадисия” ва “Ал-Аҳлӣ” бо “Ал-Аҳдуд” рӯзи 3-юми май бозӣ мекунанд.