“Ал-Наср”-и Роналду дар соли 2026 ғалаба карда наметавонад

“Ал-Наср”-и Роналду дар соли 2026 ғалаба карда наметавонад

Бошгоҳи “Ал-Наср”-и Арабистони Саудӣ, ки дар ҳайаташ ситораи португалӣ Криштиану Роналду бозӣ мекунад, дар соли 2026 то ҳанӯз ғалаба ба даст оварда наметавонад.

Дар даври 14-уми Про-Лигаи Арабистони Саудӣ дастаи “Ал-Наср” бо тими “Ал-Қадисия” бозӣ кард. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Ал-Аввал Парк”-и шаҳри Риёз баргузор шуда, бо ҳисоби 1 бар 2 ба суди тими “Ал-Қадисия” анҷом ёфт.

Хулиан Кинйонес дар дақиқаи 51-уми бозӣ аз иштибоҳи дарвозабони “Ал-Наср” - Наваф Ал-Ақидӣ истифода намуда, ҳисобро ба фоидаи “Ал-Қадисия” боз намуд. Дар дақиқаи 66-уми дидор Наитан Нандес голи дуюми “Ал-Қадисия”-ро ба ҳадаф расонид.

Ягона голи “Ал-Наср”-ро Криштиану Роналду дар дақиқаи 81-ум аз зарбаи пеналтӣ марбути номи хеш кард. Ин аввалин голи Роналду дар соли 2026 ва 958-ум дар корномаи футболбозиаш мебошад. 25 мавсими пайиҳам мешавад, ки  Роналду дар соли тақвимӣ ба задани гол ноил шудааст. Инчунин, Роналду ҳоло бо 14 гол беҳтарин нишонзани Про-Лига маҳсуб мешавад.

Дар оғози соли 2026 тими “Ал-Наср” аз “Ал-Аҳлӣ” дар даври 13-ум дар Ҷидда бо ҳисоби 3 бар 2 мағуб шуда буд, ки аввалин бохт дар мавсими имсолаи чемпионати Арабистони Саудӣ буд. Тими шаҳри Риёз хири соли 2025-ро бо мусовии 2 бар 2 муқобили “Ал-Иттифоқ” ҷамъбаст намуда буд.

Ҳамин тавр, барои “Ал-Наср”, ки бо 10 ғалабаи пайиҳам дар садри ҷадвали мусобиқа буд ва дар 3 бозии охир ҳоло ғалаба ба даст оварда наметавонад, аз фурсат истифода намуда, “Ал-Ҳилол” ба садри ҷадвали мусобиқа баромад. Ҳоло “Ал-Ҳилол” бо 35 имтиёз садрнишини чемпионат мебошад. “Ал-Наср” бо 31 имтиёз дар зинаи дуюм аст. “Ал-Қадисия” бо 27 имтиёз дар зинаи чаҳорум мавқеъ гирифтааст.

Дар даври 15-ум “Ал-Наср” бо “Ал-Ҳилол” дидор анҷом медиҳад. Дербии Риёз бозии марказии даври 15-уми Про-Лига маҳсуб мешавад.