“Ал-Наср” пешсафи Про-Лигаи Арабистони Саудӣ

“Ал-Наср” пешсафи Про-Лигаи Арабистони Саудӣ

Бозиҳои даври 23-юми Про-Лигаи Арабистони Саудӣ ба анҷом расиданд. Бошгоҳи “Ал-Наср”-и шаҳри Риёз дигарбора ба садри ҷадвали мусобиқа баромад.

Дар бозии марказии даври 23-юми Про-Лига дастаҳои “Ал-Ҳилол”-и шаҳри Риёз ва “Ал-Иттиҳод”-и шаҳри Ҷидда андари майдони рақобат шуданд. Бозии дастаҳо бо натиҷаи мусовии 1 бар 1 хотима ёфт. Аз ҳайати тими мизбон Малком ва аз ҳайати тими шаҳри Ҷидда Уссем Ауар ба задани гол ноил шуданд.

Аз мусовии пешсафи ҷадвали мусобиқа “Ал-Ҳилол” истифода намуда, “Ал-Наср” пирӯзӣ ба даст овард ва ба садри ҷадвали Про-Лига баромад. “Ал-Наср” дар ин давр дар шаҳри Риёз бо ҳисоби 4 бар 0 тими “Ал-Ҳазм”-ро шикаст дод. Криштиану Роналду дубл, Кингсли Коман ва Анжело Боржес голҳои “Ал-Наср”-ро ба самар расониданд.

Роналду пас аз 30 солагӣ 501 гол ба самар расонидааст. Дар таърихи футбол ҳеҷ бозигар ин корро накардааст. Ҳоло Роналду дар корномаи футболбозӣ 964 гол дорад ва то расидан ба 1000 гол,  ҳамагӣ 36 голи дигар боқӣ мондааст.

Ҳоло дар ҷадвали мусобиқа “Ал-Наср” бо 55 имтиёз дар зинаи аввал аст. “Ал-Ҳилол” бо 54 имтиёз дар зинаи дуюм мавқеъ гирифтааст. “Ал-Аҳлӣ” бо 53 имтиёз дар зинаи сеюм ҷой гирифтааст. “Ал-Қадисия” бо 50 имтиёз чаҳоргонаи беҳтаринҳоро пур мекунад.

Дар таҳхонаи ҷадвали мусобиқа дастаҳои “Дамак” бо 15 имтиёз, “Ал-Уҳдуд” бо 10 имтиёз ва “Ал-Наҷма Унайза” бо 8 имтиёз маскан гирифтаанд.

Айвен Тоуни аз ҳайати “Ал-Аҳлӣ” бо 23 гол беҳтарин нишонзани мусобиқа мебошад. Хулиан Кинйонес аз тими “Ал-Қадисия” бо 21 гол дар зинаи дуюм ва Криштиану Роналду бо 20 гол сегонаи беҳтаринҳоро пур мекунанд.