“Ал-Наср” соли 2025-ро бо ғалаба оғоз кард
Дар доираи бозиҳои даври 14-уми чемпионати Арабистони Саудӣ дастаҳои “Ал-Наср” ва “Ал-Аҳдуд” ба масофи ҳам омаданд. Вохӯрии дастаҳо дар шаҳри Риёз баргузор шуда, бо ҳисоби 3 бар 1 ба фоидаи “Ал-Наср” анҷом ёфт.
Дар дақиқаи 6-уми бозӣ Годвин Савиур аз ҳайати “Ал-Аҳдуд” ҳисобро кушод. Дар идома Садио Мане дар дақиқаи 29-ум ҳисобро баробар кард. Дар дақиқаи 42-юм Криштиану Роналду аз пеналтӣ гол зада, “Ал-Наср”-ро дар ҳисоб ба пеш баровард. Садио Мане дар дақиқаи 88-уми бозӣ нуқтаи ниҳоиро дар ҳисоб гузошт.
Бо ин ғалаба ҳоло “Ал-Наср” бо касби 28 имтиёз дар зинаи сеюм аст. “Ал-Аҳдуд” бо 12 имтиёз дар зинаи 14-ум маскан гирифтааст. “Ал-Иттиҳод” бо 36 имтиёз пешгоми ҷадвали мусобиқа мебошад.