Ғалабаи Файзканду Эсхата дар доираи бозиҳои даври 7-уми Лигаи Олӣ

Ғалабаи  Файзканду Эсхата дар доираи бозиҳои даври 7-уми Лигаи Олӣ

Имрӯз, 14-уми май дар доираи бозиҳои даври 7-уми чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ ду вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар варзишгоҳи “Палитехникум”-и шаҳри Душанбе садрнишини ҷадвали мусобиқа тими “КМВА” бо дастаи “Эсхата”-и шаҳри Хуҷанд андари майдони рақобат шуданд. Дар ин вохӯрӣ дастпарварони Ҳамид Каримов бозии ғайриинтизореро нишон дода, бо натиҷаи бузурги 4 бар 1 “артишиҳо”-ро ноком карданд.

Голҳоро дар ҳайати дастаи “Эсхата” Дилшод Бозоров се маротиба, Санҷар Рихсибоев як маротиба ва аз ҳайати тими “КМВА” ягона голи вохӯриро Шарафҷон Солеҳов ба самар расониданд. Беҳтарин бозингари вохӯрӣ Дилшод Бозоров аз ҳайати бошгоҳи “Эсхата” дониста шуд.



Дар бозии дигар ,ки дар варзишгоҳи “Спартак”-и шаҳри Хуҷанд доир шуд, дастаҳои “Равшан”-и ноҳияи Зафаробод ва “Файзканд”-и ноҳияи Восеъ ба масофи ҳам омаданд. Дар ин вохӯрӣ футболбозони ноҳияи Восеъ бо натиҷаи 3 бар 1 муқобили мизбонон ғалаба ба даст оварданд.

Голҳоро дар ҳайати дастаҳо Амирҷон Сафаров, Шавкати Ҳотам ва Бахтовар Зокиров марбути номи хеш карданд. Бозиро дар варзишгоҳи “Спартак” 800 нафар аз наздик тамошо карданд ва дар анҷом беҳтарин бозингари вохӯрӣ Шавкати Ҳотам аз ҳаӣати тими “Файзканд” дониста шуд.


Пагоҳ, 15-уми май ду бозии дигар баргузор мешаванд. Дар шаҳри Кӯлоб дастаҳои “Равшан” ва “Истаравшан” ба ҳам меоянд. Ду бошгоҳи кишвар, ки аз ҳама бештар ҳаводор доранд.

Дар шаҳри Душанбе дастаҳои “Истиқлол” ва “Хуҷанд” майдондорӣ мекунанд.