Ғалабаи 17-уми “Ноттингем Форест” дар ПЛА
Бозии даври 30-юми Премйер-Лигаи Англия миёни дастаҳои “Ноттингем Форест” ва “Манчестер Юнайтед” ба анҷом расид. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Сити Граунд”-и Ноттингем доир шуда, бо ҳисоби 1 бар 0 ба фоидаи тими мизбон анҷом ёфт.
Голи ягонаи дидорро дар дақиқаи панҷум ҳамлагари “Ноттингем Форест” ва собиқ бозигари дастаи “Манчестер Юнайтед” Энтони Эланга ба самар расонид. Райан Йейтс паси головарро анҷом дод.
Дар нимаи аввали мавсим дастаи “Ноттингем Форест” дар “Олд Траффорд” бо ҳисоби 2 бар 3 музаффарият ба даст оварда буд.
Ҳоло дар ҷадвали мусобиқа "Ноттингем Форест" дар ҷои сеюм аст. Даста аз 30 бозӣ 57 имтиёз дорад. “Манчестер Юнайтед” аз 29 бозӣ 37 имтиёз дорад ва дар ҷои 13-ум қарор дорад. “Ливерпул” бо 70 имтиёз аз 29 бозӣ дар ҷои аввал аст.