Ғалабаи 5-уми “Ал-Наср” дар Лигаи Чемпионҳои Элитаи Осиё

Дар доираи бозиҳои даври 7-уми марҳилаи умумии гурӯҳӣ дар Лигаи Чемпионҳои Элитаи Осиё дастаҳои “Ал-Наср”-и Арабистони Саудӣ ва “Ал-Васл”-и АМА ба ҳам омаданд. Вохӯрии дастаҳо дар шаҳри Риёз баргузор шуда, бо ҳисоби 4 бар 0 ба суди “Ал-Наср” анҷом ёфт.
Голҳои дастаи “Ал-Наср”-ро Алӣ Ал-Ҳассан дар дақиқаи 25-ум, Криштиану Роналду дар дақиқаҳои 44-ум (аз пеналтӣ) 78-ум ва Муҳаммад ал-Фатил дар дақиқаи 88-ум ба самар расониданд.
Ин аввалин дуюми “Ал-Васл” дар бозиҳои марҳилаи гурӯҳӣ буд. Тими шаҳри Дубай бо 11 имтиёз дар зинаи 5-ум аст. “Ал-Наср” бо касби 16 имтиёз дар зинаи сеюм мебошад.
Дар даври охир “Ал-Наср” бо “Персеполис” рӯзи 17-уми феврал ва “Ал-Васл” бо “Ал-Ҳилол” рӯзи 18-уми феврал бозӣ мекунанд.